Дар бораи мо

Go Viral Network аз соли 2017 андешамандони пешсаф ва навоварро дар соҳаи расонаӣ, фарҳанг, тиҷорат ва фанноварӣ аз Қазоқистон, Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муттаҳид мегардонад. Дар ҷамъияти мо рӯзноманигорон, соҳибкорон, кормандони эҷод, фаъолони шаҳрвандӣ ва пешаварони рағбатдор аз соҳаҳои гуногун шомил ҳастанд, ки мехоҳанд таҷриба, ғоя, илҳоми худро мубодила кунанд ва барои сохтани лоиҳаҳои нав нерӯи эҷодӣ бигиранд.

Лоиҳаи Go Viral Dushanbe – ин фестивал, ҳамоиш, мубоҳисаҳо ва маросимҳои гуногун дар соҳаи расонаӣ, фарҳанг, тиҷорат ва фанноварӣ мебошад. Ҷашнвораи дурӯзаи Go Viral дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад ва рӯнамоӣ, мубоҳисаҳо, мусиқӣ, филмҳо, намоишҳои театрӣ ва омӯзишҳо аз пешсафони ИМА ва Осиёи Марказиро дар бар мегирад.

Фестивали Go Viral аз ҷониби ширкати тоҷикии UstoDesign бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон баргузор мегардад, то ин ки ба ҳозирони эҷодкори худ барои эҷод кардан, сохтан ва пеш бурдани маводи худ, барои хабардор кардан, хушнуд сохтан ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳо ва технологияҳои нав таблиғ намудан имконият фароҳам орад.

ҲАДАФ ВА ВАЗИФА
  • Муттаҳид намудани навоварони ИМА ва Осиёи Марказӣ, ташкили ҷомеа барои мубодилаи ғояҳо ва лоиҳаҳои муштарак
  • Густардан ва фароҳам овардани дастрасӣ барои ҳозирон ба манбаъҳои гуногуни иттилоот
  • Мусоидат ба рушди иқтисодӣ тавассути паҳн кардани навоварӣ

ШАРИКОНИ МО